Август 07, 2019 14:01 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар раъси созмонҳои ифротӣ дар Сурия

Шӯрои амнияти Созмони Милал аз ҳузури атбои тоҷик, узбак ва қирғиз дар раҳбарии бархе созмонҳои ифротӣ дар устони Идлиби Сурия хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Шӯрои амнияти Созмони Милал дар гузориши ахири худ эълом кард: Созмони ифротии мавсум ба "Катибаи Имом Ал-Бухорӣ" дар устони Идлиби Сурияро атбои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон раҳбарӣ мекунанд.

Убайдулло Муродқулов аз Тоҷикистон, Алишер Тоҷибоев, шаҳрванди Қирғизистон ва Абу Сулаймонов аз Узбакистон машҳур ба Абу Юсуф, пас аз марги Акмал Ҷӯрабоев машҳур ба Шайх Салоҳуддин, раиси собиқи ин созмони ифротӣ мудирияти онро бар ӯҳда гирифтаанд.

Ин созмони ифротӣ, ки таҳти ҳимояти "Таҳрирушшом" фаъолият мекунад, ба се гурӯҳ тақсим шуда, ки мудирияти бузургтарин гурӯҳро табааи Тоҷикистон бар ӯҳда гирифтааст.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ мӯътақиданд, ки таҳдидҳои террористӣ аз сӯи шаҳрвандони ин кишварҳо, ки дар амалиёти низомӣ дар Сурия ва Ироқ фаъолият мекунанд, аз таҳдидоти террористӣ аз самти Афғонистон бисёр қавитар аст.

Агарчи шумори шибҳи низомиёни хориҷии алоқаманд ба вуруд ба манотиқи ҷангӣ камтар шуда, аммо ҳамчунон ин гурӯҳҳо ба талошҳои худ барои ҷазби муҳоҷирони кории Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Туркия ва дигар кишварҳо бо истифода аз таблиғоти интернетӣ идома медиҳанд.

 

 

Барчасп