Август 11, 2019 08:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳиши нархи хурокворӣ дар бозорҳои Душанбе дар остонаи иди саиди Қурбон

Сокинони шаҳри душанбе дар остонаи фарорасии иди саиди Қурбон шоҳиди ҷаҳиши бесобиқаи нархи хурокворӣ шудаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, нархи тамомии хурокворӣ ва анвои мева акнун дар муқоиса бо рӯзҳои қабл аз иди саиди Қурбон беш аз 20 дарсад гаронтар шудааст.

Дар ҳоли ҳозир нархи як кило гушти гов, ки пештар 50 сомонӣ буд ба 90 сомонӣ расидааст. Нархи ҳар тарбуз ва харбуза, ки пеш аз иди саиди Қурбон 25 то 30 сомонӣ буд акнун ба 60 сомонӣ расида, ки ҳатто дар муқоиса бо солҳои қабл бесобиқа арзёбӣ мешавад.

Дар ин миён нархи ҳар кило хушкбор аз ҷумла писта, чормағз ва бодом низ ба шиддат афзоиш ёфтааст, ки беш аз 120 то 140 сомонӣ ба фуруш мерасад ва пеш аз ид зери 80 сомонӣ буд.

Ҳамасола мақомоти Тоҷикистон ва маркази исломии ин кишвар дар остонаи фарорасии идҳои саиди Фитр ва Қурбон аз фурушандагони маводи ғизоӣ дархост мекунанд, ки дар ин рӯзҳо аз афзоиши нархҳо худдорӣ кунанд, аммо ин дархостҳо нодида гирифта мешавад.

Аз сӯи дигар расонаҳои хабарӣ эълом кардаанд, ки дар бозорҳои Тоҷикистон нархи як гусфанди қурбонӣ 200 доллар, гусола 300 доллар ва буз 100 доллар мебошад.

Имрӯз 11 август  дар Тоҷикистон аз иди саиди Қурбон таҷлил мешавад.