Август 11, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Мутарҷими Қуръон ба забони шеър дар Тоҷикистон даргузашт

Шоир ва мутарҷим ва муфасири Қуръон ба забони шеър дар Тоҷикистон дар синни 60 солагӣ дааргузашт.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Саидалии Саид шоири тоҷик, мутахаллис ба Пири Ҳисор, ки тарҷума ва тафсири Қуръони каримро бо забони шеър мунташир карда буд бар асари ибтило ба фишори хуни боло даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ҳисор ба хок супорида шуд.

Тарҷума ва тафсири  Қуръон ба забони шеър, ки Саидалии Саид таҳти унвони "Тафсири Зарнигор" мунташир карда буд соли гузашта дар намоишгоҳи байналмиллалии китоби Теҳрон низ рунамоӣ шуд.

Ин шоири тоҷикистонӣ, ки бештар ашъори ирфонӣ месуруд солҳои қабл дар телевизиони Тоҷикистон барномаи тафсири ирфонии шеърҳои Ҳофиз ва Бедилро омода ва иҷро мекард. Наздиконаш гуфтаанд, ки Саидалии Саид дар вопасини нафасҳои хеш пас аз иқомаи намози субҳ дар саҳифаи фейсбукаш ин байти Бедили Деҳлавиро мунташир карда буд:

Гудози дард, тӯфон кард, даст аз мо бишӯ, Бедил

Набуд ин сел агар имрӯз, фардо мебарад моро!