Август 11, 2019 10:19 Asia/Dushanbe

Имрӯз ёздаҳуми август, дар бисёре аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Тоҷикистон даҳуми зиҳаҷҷа ва мусодиф бо иди Қурбон аз бузургтарин идҳои исломӣ аст.

Иди Қурбон намоди бандагии содиқона дар баробари Худованд ва ёдгори муқаддаси ҳазрати Иброҳим (а) ва писараш Исмоил Забиҳуллоҳ (а) аст.

Субҳи имрӯз намози иди Қурбон дар масоҷиди саросари Тоҷикистон баргузор шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки ба муносибати иди саиди Қурбон се рӯз таътиланд, дар ин иди бузург пас аз иқомаи намози ид бо пушидани либосҳои нав ба дидори якдигар мераванд ва дар пои дастархонҳое, ки ба муносибати ид паҳн шуда аз якдигар пазироӣ мекунанд.

Тулуи офтоби субҳи иди Қурбон, иҷозатномаи ҳаракати миллионии ҳоҷиён ба самти сарзамини Мино аст ва ин пиёдаравии бузург дар масире даҳкилометрӣ оғоз мешавад.

Ҳоҷиён бо расидан ба минтақаи Ҷамара ҳафт сангро ба Ҷамараи уқбо намоди шайтон мезананд ва баъд аз рамйи Ҷамараи ақаба ба зибҳи қурбонӣ мепардозад.

Ҳалқ ё тақсир, ки ба маънии тарошидани муи сар аст аз дигар аъмоле аст, ки ҳоҷиён пас аз қурбонӣ анҷом медиҳанд.

Вуқуфи ҳоҷиён дар Мино то зуҳри рӯзи дувоздаҳум ба тул меанҷомад ва дар рӯзи ёздаҳум ва дувоздаҳум низ ба рамйи Ҷамараи  сегона мепардозанд.

Ин охирин марҳила аз маносики Ҳаҷ ва ба поён расондани вуқуфи рӯзи дувоздаҳум то зуҳри ин рӯз аст.

Ҳамзамон бо азони зуҳр, тарки ин саҳрои пур рамзу роз ва ҳаракат ба самти Маккаи мукаррама оғоз ва аъмоли Маккаи мукаррама анҷом мешавад ва ин яъне поёни маносики Ҳаҷи таматтуъ ва зинат ёфтани ҳоҷиён ба номи мубораки ҳоҷӣ ва ҳоҷияхонум аст.

Барчасп