12 сол зиндон барои як узви собиқи ҷамоати Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 13 Aug 2019 04:06:23 GMT )
Август 13, 2019 09:06 Asia/Dushanbe
  • 12 сол зиндон барои як узви собиқи ҷамоати Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Истаравшан дар вилояти Суғди Тоҷикистон як узви собиқи ҷамоати Ансоруллоҳро ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Осиёи Марказӣ, ин додгоҳ Хайруддин Яъқубови 37 соларо ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи ҷамоати Ансоруллоҳ таи солҳои 2005 то 2013 ба 12 сол зиндон бо низоми сахт маҳкум кард.

Мақомоти қазоӣ гуфтаанд Хайруддин Яъқубов бо пайвастан ба ин созмони террористӣ бо сафар ба Афғонистон ва минтақаи Вазиристони Покистон давраҳои омӯзишии низомиро фаро гирифтааст.

Вай ҳамчунин барои ҷазб ва эъзоми нав барои ҷамоати Ансоруллоҳ бо ҳамдастии теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон, ки таҳти пайгарди қазоӣ қарор доранд борҳо ба Афғонистон, Туркия ва Покистон сафар кардааст.

Хайруддин Яъқубов бо эътироф ба узвияти хеш дар гуруҳи ҷамоати Ансоруллоҳ гуфтааст аз соли 2013 бо ин созмон ҳеҷ иртиботе надоштааст.

Ба гуфтаи вай дар соли 2017 аз пазириши пешниҳоди рафтан ба Сурия низ худдорӣ карда ва дар бозори Марказии ноҳияи Истаравшан ба фуруши порча машғул будааст.

Аммо додгоҳ Хайруддин Яъқубовро ба иттиҳоми узвият дар ҷамоати Ансоруллоҳ ва аъмоле, ки солҳои пеш дар ҷараёни ҳамкорӣ бо ин созмони террористӣ муртакиб шудааст, ба 12 сол зиндон маҳкум кард.

Фаолияти ҷамоати Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон ба унвони созмони террористӣ бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар мамнуъ мебошад.