Маҳдудияти фуруши чиптаи ҳавопаймо дар Суғд ба ҷавононе ки шароити хидмати низоми вазифаро доранд
Дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аз думоҳи қабл аз оғози мавсуми ҷазби ҷавонон ба хидмати низоми вазифа (облава) маҳдудияти фуруши чиптаи ҳавопаймо барои сафарҳои ин ашхос ба хориҷ эъмол шудааст.
Ба нақл аз сомонаи Фарғона, дар чиптафурушиҳои ноҳияи Исфара эъломҳое насб шудааст, ки бар асоси онҳо ҷавонони то 28 сола бидуни ироаи корти поёни хидмат ва ҳуҷҷатҳои муофият аз хидмати низоми вазифа ҳаққи хариди чипта ва сафар ба хориҷ аз Тоҷикистонро нахоҳанд дошт. Ин иқдом муҷиби эҷоди маҳдудият барои сафари кории ҷавонон ба хориҷ ва ба вижа Русия хоҳад шуд.
Бар асоси қавонини Тоҷикистон бояд ҷавонон аз 18 то 28 сола ба хидмати низоми вазифа ҷазб шаванд, ки теъдоди онон дар ин кишвар беш аз 600 ҳазор нафар мебошад. Аммо теъдоди зиёде аз ин ашхос рафтан ба Русия барои корро бар хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон афзалият медиҳанд. Аз ин ру барои иҷрои барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низоми вазифа кормандони идораҳои низомӣ ҳамасола ба боздошт ва эъзоми иҷбории ин ашхос дар куча ва хиёбонҳо иқдом мекунанд , ки муҷиби фирори бештари ин гуруҳ аз кишварашон мешавад.
Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ ва хушунат, набуди шароити муносиби маишатӣ ва ахлоқӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро омили асосии фирори ҷавонон аз хидмати низоми вазифа дар ин кишвар унвон мекунанд.
Чанд сол пеш Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи хидмати ҷойгузини сарбозиро таҳия ва барои баррасӣ ба давлати ин кишвар пешниҳод кард. Бар асоси тарҳи ёдшуда бояд ҷазби ҷавононе, ки шароити хидмати низоми вазифаро доранд бар асоси қарордоди дуҷониба сомондиҳӣ шавад ва ашхосе, ки намехоҳанд ё наметавонанд ба воҳидҳои низомӣ сафарбар шаванд бо пардохти маблағ ҳуҷҷати муофият дарёфт мекунанд. Аммо ин тарҳ маскут мондааст.