Марги дилхароши як хоҳару бародар дар наздикии Кулоб
Марги дилхароши як хоҳару бародаре дар рустои Пистамазори Кулоб бар асари масмумият хонаводаеро азодор кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар паи масмумияти ғизоии 4 узви як хонавода дар рустои Пистамазори Кулоб ду фарзанди 16 ва 19 солаи онон ҷони худро аз даст доданд.
Бар асари масмумият модар ва як фарзанди дигари ӯ низ ба бемористон интиқол ёфтанд, ки ба гуфтаи Холмуҳаммад Сафаров аз бастагони надики ин хонавода, ҳоли онҳо вахим аст.
Ҳануз ҳеҷ мақоми расмие дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст ва иллати дақиқи ин масмумият низ ҳануз мушаххас нест.
Бо ин ҳол дар Тоҷикистон умуман истифода аз маводи ғайрибеҳдоштӣ ва ё таърихи масрафгузашта аз авомили аслии масмумият бу шумор меравад.