Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои бештар дар остонаи бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз ҳаҷ
Мақомҳои Тоҷикистон барои ҳоҷиёни тоҷик, ки қасди бозгашт аз Сарзамини Ваҳй ба кишварашонро доранд, маҳдудиятҳои бештаре эъмол кардаанд.
Давлати Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳоҷиёни ин кишвар пас аз бозгашт аз маносики ҳаҷ, ҳаққи баргузории маросимро надоранд.
Кумитаи давлати умур дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард, ҳоҷиёни тоҷик ҳаққи баргузории зиёфати бозгашт аз ҳаҷро барои ғайр аз аъзои хонаводаи худ надоранд. Бар асоси ин баёния, ҳамчунин баргузории бархе маносиби маҳаллӣ ва суннатие назири “Ҳоҷи-талбон” ва “Ҳоҷӣ-ошӣ” мамнуъ эълом шудааст. Соҳибназарон тасмими давлат барои коҳиши харҷҳоро мантиқӣ унвон мекунанд, аммо суолҳоеро ҳам пайваста матраҳ мекунанд, ки чаро танҳо бояд мардум ҳазинаҳоро коҳиш диҳанд, аммо ҷашнҳои зиёде бо пули мардум дар кишвар баргузор мешавад ва пеши роҳи ин гуна харҷу хароҷот гирифта намешавад.
Маҳудиятҳои ҷашну маросим бар асоси Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин қонун ба шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиши ҳар чӣ бештари хароҷот ва сарфаҷӯии бештар дастур дода шудааст. Тибқи қонуни мазкур ҳар гуна маросим бояд бо харҷи ҳаддиаксарӣ баргузор шавад ва дар сурати лузуми харҷи бештар ё даъвати меҳмони зиёдтар, ҳамонҳанг кардани маъракаву маросим бо намояндагони Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим ҳатмӣ аст.
Ин маҳдудиятҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пеш аз ин ба ҳоҷиёни тоҷик тавсия карда буд, ба ҷойи сарфи ҳазина барои анҷоми маносики ҳаҷ, пулҳои худро барои эҷоди ҷои кор дар кишвар сармоягузорӣ кунанд.
Дар гузашта сиёсатҳои исломситезона ва муқобила бо намодҳои дини мубини Ислом, назири манъи пӯшиши сатру ҳиҷоб барои бонувони мусалмон ва фишор барои мардони мусалмони ришдор ва ё пойбанд ба эътиқодоти динии худ, зиёд ба назар мерасид. Ҳарчанд мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари давлатӣ манъи пушиши ҳиҷоб барои бонувонро эътироф намекарданд ва дар изҳороти расмӣ ин гуна бархурдро ғайриқонунӣ эълом кардаанд, аммо воқеият чизи дигарро нишон медод. Гузаронидани рейд ва ташвиқи бонувон барои тарки сатру ҳиҷоб ё ба қавли худи мақомот “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ва роҳ надодани бонувони мусалмони сатрпӯш ба муассисаҳои давлатӣ, маҳалли иштиғол дар идороти давлатӣ ва мактабу бемористонҳо намунаи андаке аз фишори мақомот болои мусалмонон қаламдод мешавад. Бо вуҷуди он ки пӯшидани сатр ҳукми Худост ва дар Қуръон ба он ишора шудааст, аммо мақомот онро пушиши бегона ба фарҳанги миллӣ маънидод ва ба дарбаркунандагони ин гуна либос тавсия медоданд, ки пӯшиши худро ба фарҳанги тоҷикӣ созгор кунанд. Ҳарчанд, дар баробари ин тақозо, барои хонумҳое, ки пӯшиши ғайритоҷикӣ ва шабеҳи аврупоӣ доштанд, ҳеч монеа вуҷуд надошт ва онҳо озодона метавонистанд сари кори давлатӣ раванд ва ё дар мазҳари ом бо чунин либоси ба фарҳанги тоҷикӣ бегона ҳузур ёбанд. Ҳатто бонувони масъул аз Кумитаи занон ё пулис, ки ба занҳои ҳиҷобпӯш фишор ё ба истилоҳ пӯшидани либоси созгор ба “фарҳанг”-и мардуми тоҷикро “тавсия” медоданд, худ на либоси милли тоҷикӣ, балки бо пушишҳои бегона ва нимбараҳнаи аврупоӣ ба фаҳмондадиҳӣ машғул буданд. Ин гуна бархурди давлатмардон боиси норизоятии иддаи зиёде аз мардуми мусалмон гашта ва онҳо иддао доштанд, ки асли озодӣ ва демократия, ки сохтори давлати Тоҷикистон бар он бунёд ёфтааст, дар ин маврид дуруст иҷро намешавад.
Ҳанӯз ин дугонагӣ ё стандарти духура дар Тоҷикистон аз байн нарафта ва мусалмонон дар Тоҷикистон аз озодиҳои мазҳабӣ на чандон бархурдор ва хонумҳо барои пӯшиши исломӣ бо маҳдудиятҳое дучор меоянд.
Бастани масҷидҳо ҳам ба баҳонаи он ки ба пойгоҳи ифротгароён табдил мешавад, дар гузашта боиси муҳр зада шудан ба дари ҳазорҳо масҷид шудааст. Аммо ахиран хабар дода шуд, ки мақомоти Кумитаи умури динӣ бо ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае омадаанд, ки дари бисёре аз масҷидҳои басташуда дубора боз шавад.
Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2011 барномаи таътилӣ ва тағйири корбарии масҷидҳоро ба баҳонаи надоштани мадорики ҳуқуқӣ оғоз карда буданд. Тайи чанд соли гузашта теъдоди зиёде аз масоҷиди Тоҷикистон ба корхона , китобхона, маскан, бунгоҳи тиббӣ, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ табдил шудаанд. Мунтақидони давлати Душанбе таътилии масоҷидро нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар чорчӯби барномаи исломзудоӣ дар кишвар қаламдод мекунанд. Аммо бисёре аз таҳлилгарон бо баёни ин ки адами таълимоти динӣ ва дур нигаҳ доштани ҷавонон аз маорифи исломӣ боис шуда то ҷурму ҷиноят миёни ҷавонон ва хонаводаҳо афзоиш ёбад ва пойбандӣ ба арзишҳои хонаводагӣ коҳиши чашмгире пайдо кунад, мегӯянд: натиҷаи исломзудоӣ ва набудани ҷойи кори муносиб дар кишвар, муҷиби хушунатҳои зиёди хонаводагӣ, афзоиши ҷурм миёни ҷавонон ва занону мардон шудааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши ҷурму ҷиноят миёни занон хабар додаанд. Бисёре аз муҳаққиқони исломпажӯҳ, яке аз аз иллатҳои умдаи афзоиши ҷурму ҷиноят ва хушунати хонаводагиву талоқу ҷудоӣ дар ҷомеаро дур мондани ҷомеа аз омӯзаҳо ва маорифи исломӣ унвон мекунанд.