Август 14, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози бардошти пахта аз саҳроҳои ҷануби Тоҷикистон

Бардошти пахта аз саҳроҳои бархе ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлони Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардаанд, бардошти пахта аз саҳроҳои навоҳии Шаҳритӯс, Қубодиён ва Носири Хусрав дар ҷануби ин кишвар оғоз шудааст.

Ин мақомот мегӯянд, бардошти пахта дар ин кишвар дар муқоиса бо соли қабл 5 рӯз дертар оғоз шудааст, ки иллати ин таъхир номусоид будани шароити обу ҳаво ба ҳисоб меояд.

Дар Тоҷикистон имсол беш аз 186 ҳазор гектар замин барои кишти пахта ихтисос ёфта, ки дар муқоиса бо соли қабл наздик ба 2 ҳазор гектар бештар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар дар соли 2018 беш аз 300 ҳазор тонна пахта бардошт шуд, ки дар муқоиса бо соли 2017 наздик ба 23 дарсад коҳиш нишон медиҳад.