Август 14, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Зиндони абад барои тарроҳи шӯриш дар зиндони Хӯҷанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон тарроҳи аслии шӯриши зиндони шумораи 3 шаҳри Хӯҷандро ба зиндони абад маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, ин додгоҳ пушти дарҳои баста ҳукми маҳкумияти 33 нафар аз муттаҳамони шӯриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хӯҷандро содир кард, ки дар байни онҳо Амиралӣ Давлатов ба унвони тарроҳи ин ошӯб ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, ки дар шӯриши шаби 7 ноябри соли 2018 дар зиндони шумораи 3 шаҳри Хӯҷанд 21 зиндонӣ ва ду корманди ин зиндон кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шудаанд.

Ин мақомот муддаиянд, ки саркардаҳои ошӯби зиндони Хӯҷанд, ки ба ҷурми терроризм ва ифротгароӣ маҳкум шуда буданд, кормандони зиндонро ба шакли фаҷие ба қатл расондаанд.

 

Барчасп