Август 14, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши аворизи гумрукии мошинҳои вурудии Узбакистон ба Тоҷикистон

Тоҷикистон мизони аворизи вурудии васоили нақлияи Узбакистон ба қаламрави хешро коҳиш дод.

Ба нақл аз хабаргузории Taj Week, акнун атбои Узбакистон ҳангоми сафар ба Тоҷикистон бо мошинҳои шахсӣ барои вуруд ба қаламрави ин кишвар маблағи 15 то 20 сомонӣ бар асоси ҳаҷми мотори ин мошинҳо ба унвони аворизи гумрукӣ пардохт хоҳанд кард.

Гуфта мешавад қаблан ин маблағ барои вуруди мошинҳои ду кишвар ба қаламрави якдигар 52 доллар буд, аммо ҳукумати Узбакистон аз 14 июни соли ҷорӣ қимати аворизи гумрукӣ барои ҳар мошини атбои Узбакистонро ба мизони 15 то 20 сомонӣ таъин кард.Аз сӯи дигар Бахтиёр Саидов, мудири минтақаи тафриҳии мавсум ба "Кохи малика" дар Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 50 дарсади афроди ҳозир дар ин макон хориҷиянд, ки 30 дарсади онон атбои Узбакистон ҳастанд.