Август 15, 2019 09:01 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши истеҳсоли семент дар Тоҷикистон тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ

Дар Тоҷикистон тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ 2 миллиону 329 ҳазор тон семент истеҳсол шуда, ки дар муқоиса бо давраи ҳаммонанди соли пеш 209 ҳазор тон бештар будааст.

Ба гузориши  Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи вазорати саноъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон, ин миқдор семент дар13 корхонаи ин кишвар истеҳсол шуда, ки заминаи содироти аз се як ҳиссаи ин маҳсулоти муҳими сохтмонӣ ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам сохтааст.

 Дар соли 2018 барои нахустин бор корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 800 ҳазор тон аз ин маводи муҳими сохтмониро тавлид карданд, ки аз се як ҳиссаи он ба хориҷ, аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.

Дар Тоҷикистон 13 корхонаи сементбарорӣ фаъолият мекунанд, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

  Зарфияти тавлиди солонаи семент дар ин корхонаҳо наздик ба 4 миллиону 700 ҳазор тон мебошад, ки заминаи таъмини ниёзи дохилӣ ва содирот ба кишварҳои ҳамсояро фароҳам месозад.

 Бар асоси созишномаи ҳамкориҳои Душанбе ва Пекин баҳрабардорӣ аз ду корхонаи нави тавлиди семент дар Тоҷикистон тайи ду соли оянда барномарезӣ шуда аст.