Ҳайати вазорати дохилаи Тоҷикистон барои интиқоли Хуҷа Каримов ба Дубай рафт
(last modified Thu, 15 Aug 2019 05:00:11 GMT )
Август 15, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати вазорати дохилаи Тоҷикистон барои интиқоли Хуҷа Каримов ба Дубай рафт

Ҳайате аз вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба раёсати Шоҳрух Саидзода, раиси бахши мубориза бо ҷиноятҳои мутташаккилонаи ин вазоратхона, барои интиқоли Хуҷа Каримов, яке аз фармондеҳони собиқи неруҳои ҳукумати феълӣ дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар ба Дубай сафар кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи tajikistantimes, Ҳокимшоҳ Назарзода яке аз масъулони ин вазоратхона бо тасдиқи ин хабар гуфт: Хуҷа Каримов аз соли 2008 таҳти таъқиби ҷиноии байналмиллалӣ қарор дошт, ки рӯзи 30 июли соли ҷорӣ дар Дубай боздошт шуд ва акнун музокира барои истирдоди вай ба Душанбе идома дорад.

 Ин фармондеҳи собиқ муттаҳам ба қатли ду нафар аз намояндагони парлумони вақти Тоҷикистон ва даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Хатлон, гаравгонгирӣ, шиканҷаи мухолифон ва ғорати амволи мардум аст, ки дар солҳои ахир аз кишвари Малайзия шаҳрвандӣ гирифта буд.

 Вай замоне раёсати федератсияи футболи Тоҷикистонро низ бар уҳда дошт. Вай дар соли 1996 муддате боздошт, аммо ба далелҳои номаълум озод шуд.

 Хуҷа Каримов, ки медонист ба далелҳои даст задан ба ҷиноятҳои вазнин дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон боздошт хоҳад шуд, дар соли 2005 аз ин кишвар фирор кард.

 Вай таҳти таъқиби полиси байналмиллалӣ қарор дошт.