Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45917-Бозсозии_як_маркази_дармонии_Тоҷикистон_тавассути_Туркия
Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия «ТИКА» бинои як маркази дармонӣ дар ноҳияи Рудакии Тоҷикистонро бозсозӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 15, 2019 07:38 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии як маркази дармонии Тоҷикистон тавассути Туркия

Ожонси ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Туркия «ТИКА» бинои як маркази дармонӣ дар ноҳияи Рудакии Тоҷикистонро бозсозӣ кард.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли, ин марказ танҳо маркази дармонӣ дар рустои 10 ҳазорнафараи Арбобхотун аст ва 9 пизишк ва 12 парастор дар он кор мекунанд.

Хадамоти дандонпизишкӣ, бемориҳои занон ва дохилӣ дар ин марказ ироа мешавад. Ҳадафи бунёди «ТИКА»-и Туркия аз ин иқдом, афзоиши сатҳи фаъолияти маркази мазкур ва хидматрасонии беҳтар ба мардум аст.