Август 16, 2019 16:54 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши минтақаии коҳиши хатарот ва асароти балоёи табиӣ дар Тоҷикистон

Ҳамоиши минтақаӣ бо мавзӯи коҳиши хатарот ва асароти балоёи табиӣ 21 –уми август (30 –и мурдод) соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин ҳамоиш ҳамчунин чигунагии иҷрои проекти “Тақвияти системаи мудирияти хатар дар баробари балоёи табиӣ дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати коҳиши хатари ҳаводис барои солҳои 2015 - 2030 дунбол мешавад, мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин ҳамоиш аз сӯи Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид ва бо ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ва Ожонси ҳамкорӣ ва тавсеа баргузор мешавад.

Қарор аст дар ин ҳамоиш Моми Мизутури, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи коҳиши хатароти балоёи табиӣ, Асако Ауки, муовини дастёри дабири кулли СММ ва раиси идораи Барномаи тавсеаи Созмони Милал барои посухгӯӣ ба буҳрон ва ҳамчунин масъулини вазоратхонаҳо ва созмонҳои ҳаводиси ғайримунтазираи Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон ва ҳамчунин намояндагони Барномаи тавсеаи СММ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳузур ёбанд.

 

Барчасп