Дастгирии яке аз сокинони шаҳри Душанбе ба ҷурми сирқати барқ
(last modified Sun, 18 Aug 2019 04:06:29 GMT )
Август 18, 2019 09:06 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии яке аз сокинони шаҳри Душанбе ба ҷурми сирқати барқ

Яке аз сокинони шаҳри Душанбе ба ҷурми сирқати барқ дастгир шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, як сокини 55 солаи  шаҳри Душанбе ба ҷурми сирқати барқ дастгир ва маблағи 6 миллион сомонӣ ҷарима шуд.

Ин фард муттаҳам аст, ки аз моҳи апрели соли равон бо ироаи омори ғайри воқеъӣ ба ширкати чинии Ҷанг-Фо, ки дар ноҳияи Ваҳдат фаолият мекунад заминаи пардохт накардани маблағи 9 миллиону 489 ҳазор киловат соат барқро фароҳам кардааст, ки хасоратҳои молии воридаи ин муҷрим ба будҷети кишвар беш аз 6 миллион сомонӣ аст.

Гуфта мешавад, ки ин сокини шаҳри Душанбе бо дасткорӣ дар ҳуҷҷатҳои барқи масрафии ин ширкат ва кам нишон додани мизони барқ ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон 6 миллиону 158 ҳазор сомонӣ хасорати молӣ ворид кардааст. Акнун мақомоти додситонӣ бо ташкили парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин шахс ба иттиҳоми сирқати барқ баррасии ин моҷароро оғоз карданд.