Август 19, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории зербиноии Осиё бар тавсеаи ҳамкорӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории зербиноии Осиё бар тавсеаи ҳамкории бештар таъкид карданд.

Дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Бонки сармоягузории зербиноии Осиё бар алоқамандии ду тараф нисбат ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф таъкид шуд.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷин Лу Чин, раиси Бонки сармоягузории зербиноии Осиё дидор ва дар хусуси мавзӯоти марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои кишвараш бо ин бонк табодули назар кард.

Эмомалӣ Раҳмон Бонки сармоягузории зербиноии Осиёро шарики боэътимод барои тавсеа унвон карда, нақши он дар таҳаққуқи проектҳои зиёд дар минтақа ва Тоҷикистонро муҳим хонд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамкориҳои кишвараш бо ин бонк дар заминаи таъмини молии бозсозии ҷодаи Душанбе - Турсн зода - марзи Узбакистон ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи обии “Норак”- ро судманд донист ва ибрози умедворӣ кард, ки Бонки сармоягузории зербиноии Осиё ҳамчунон дар иҷрои соири проектҳои зерсохтӣ дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва ғайра нақши муассир ифо хоҳад кард.

 

 

Барчасп