Август 21, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоҳангии низоми нави интиқоли пул ба Тоҷикистон бо Русия

Низоми нави интиқоли пул ба Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамоҳанг шавад.

Иқтисоддони тоҷик бар зарурати ҳамоҳангӣ миёни Бонки марказии Русия ва Бонки миллии Тоҷикистон ба далели иҷроӣ шудани системаи нави интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия гуфт: Ин иқдом хисороти сангине ба иқтисоди Тоҷикистон ворид хоҳад кард.

Ӯ афзуд: Зеро Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки  аз аввали сентябри соли ҷорӣ бонкҳо ва марказҳои молии Русия, ки даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷикро ба кишварашон мунтақил мекунанд, бояд маблағи 100 миллион доллар ба унвони амонат дар Бонки миллии Тоҷикистон супурдагузорӣ кунанд ва пас аз дарёфти ин маблағ Душанбе ба онон муҷаввизи интиқоли пули коргарони муҳоҷирро хоҳад дод.

Амммо  Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки ин иқдом ба зиёни Тоҷикистон тамом хоҳад шуд, ки муғойир бо қонунҳои бонкии Русия мебошад. Зеро иқтисоди Тоҷикистон вобастагии шашиде ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия дорад ва аз ин иқдом бештар тоҷикҳо мутаҳаммили хисорот хоҳанд шуд.

 

Барчасп