Август 22, 2019 09:08 Asia/Dushanbe
  • Имзои созишномаи бозгардондани паноҳҷӯёни тоҷик аз Олмон

Мақомоти вазоратхонаҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Олмон дар дидоре дар шаҳри Душанбе созишномаи бозгардондани шаҳрвандони тоҷикистонӣ аз ин кишвари аврупоиро имзо кардаанд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар ин дидор, ки ҳайатҳои ду тараф ба сарпарастии сарҳанг Мансури Бухоризода мудири идораи равобити байналмиллалии ин вазоратхона ва Вулфгонг Ҳомир масъули идораи истирдоди шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ дар Вазорати корҳои дохилаи Олмон гуфтугӯ карданд созишномаи бозгардондани шаҳрвандони тоҷикистонӣ аз ин кишвари аврупоӣ ба имзо расид.

Дар ин созишнома таъкид шудааст, Вазорати корҳои дохилаи Олмон он теъдод аз паноҳҷӯёни тоҷикро, ки дархости онон барои паноҳандагӣ аз сӯи давлати Берлин пазируфта намешавад ба кишварашон истирдод мекунад. Таи солҳои ахир беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дархости паноҳандагӣ кардаанд, ки теъдоди бештари ин ашхос дар Олмон ба сар меберанд.

Ин созишнома пас аз баррасӣ ва тасвиб дар парлумонҳои Тоҷикистон ва Олмон иҷроӣ хоҳад шуд.