Август 24, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии вазири дифои Тоҷикистон аз вахомати вазъияти Афғонистон дар оянда

Вазири дифои Тоҷикистон муътақид аст, ки вазъияти Афғонистон дар оянда боз ҳам вахимтар хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, генерал Шералӣ Мирзо дар нишасти Кумитаи раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд гуфт, ки вазъияти ногувори амниятии Афғонистон дар ояндаи наздик вахимтар мешавад, ки таҳаввулоти минтақаро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Вай бо ишора ба истиқрори аносури гуруҳҳои мухталифи террористӣ дар қаламрави Афғонистон гуфтааст, ки мо шоҳиди таҷаммуи созмонҳои зиёди ифротӣ дар ин кишвар ҳастем, ки ҳар як ба масоили қавмӣ, мазҳабӣ ва фирқаӣ доман мезананд ва ба тадриҷ минтақаҳои бештаре аз Афғонистон даргири ин мавзӯъҳо хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи вазири дифои Тоҷикистон пас аз шикасти гуруҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ акнун аносури ин созмони такфирӣ дар шимоли Афғонистон ва дар наздикии марзи Тоҷикистон мустақар шудаанд, ки таҳдиди ҷиддӣ алайҳи амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меоянд.

Генерал Шералӣ Мирзо таъкид кардааст, ки барқарории сулҳу амният дар Афғонистон омили муҳимми таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷомеаи Ҳамсуд аст, ки бояд дар ин маврид ҳамагон талош кунанд.