Умедвории Вазорати кишвари Тоҷикистон ба муҳокимаи Хоҷа Каримов дар додгоҳ
Сухангӯи Вазорати кишвари Тоҷикистон ибрози умедворӣ кардааст, ки Рӯзихоҷа Каримов яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои ҳукумати феълӣ дар даврони ҷанги дохилии ин кишвар дар додгоҳ муҳокима шавад.
Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Умарҷон Эмомалӣ бо ишора ба интишори ахборе мабнӣ бар озод шудани Хоҷа Каримов аз боздошти полиси Дубай гуфт, ки муҳокима кардани ин шахс ниёз ба замон дорад.
Вай таъкид кардааст, ки хабари озодии Хоҷа Каримов аз боздошти полиси Дубай-ро аз расонаҳо шунида ва ҳануз дар ин маврид аз тарафи полиси Амороти арабии муттаҳида ва Интерпол иттилоияи расмӣ ба Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон нарасидааст.
Хоҷа Каримов аз соли 2008 таҳти пайгарди қазоии байналмиллалӣ қарор дошт, ки рӯзи 30 июли соли равон дар Дубай боздошт шуд ва ҳайате аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба раёсати Шоҳрух Саидзода мудири идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазоратхона барои интиқоли Хоҷа Каримов ба Дубай эъзом шуд.
Ин фармондеҳи собиқ муттаҳам ба қатли ду нафар аз намояндагони парлумони вақти Тоҷикистон ва даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Хатлон гаравгонгирӣ, шиканҷаи мухолифон ва ғорати амволи мардум аст, ки дар солҳои ахир аз кишвари Малайзия шаҳрвандӣ гирифта буд.
Вай замоне раёсати Федератсияи футболи Тоҷикистонро низ бар уҳда дошт. Вай дар соли 1996 муддате боздошт аммо ба далелҳои номаълум озод шуд.
Хоҷа Каримов, ки медонист ба далелҳои иртикоби ҷиноятҳои сангин дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон боздошт хоҳад шуд, дар соли 2005 аз ин кишвар фирор кард.