Август 24, 2019 21:06 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Путин аз Раҳмон барои ҷашни солгарди пирӯзӣ бар артиши нозӣ

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими ҳафтодупанҷумин солгарди пирӯзии артиши Шӯравии собиқ бар Олмони нозӣ даъват кард.

Ба гузориши сайти “Спутник”, ин маросим рӯзи 9 –уми майи соли 2020 дар Маскав баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои ширкат дар ин маросим аз сарони тамоми кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва кишварҳое, ки дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Ҷанги ҷаҳонии дувум) муқобили Олмони нозӣ қарор доштанд, даъват шудааст.

Қаблан раисҷумҳури Русия эълом карда буд, ки ба муносибати ҳафтодупанҷумин солгарди пирӯзии артиши Шӯравии собиқ бар Олмони нозӣ, дар ин кишвар барномаҳои вижае тадорук дида шудааст, ки баргузории режаи низомии артиши Русия бахше аз он хоҳад буд.

 

Барчасп