Август 25, 2019 09:17 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи 1 миллион тон ангишт дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард таи ҳафт моҳи соли равон дар ин кишвар наздик ба як миллион тон ангишт истихроҷ шудааст, ки 144 ҳазор тон аз давраи мушобеҳи соли пеш бештар мебошад.

Ба нақл ааз сомонаи Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон наздик ба 63 дарсад аз ин меқдор ангишти истихроҷ шуда мутааллиқ ба ширкатҳои давлатӣ мебошад.

Бар асоси ин гузориш 94 дарсад аз наздик ба як миллион тон ангишт, ки таи ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон истихроҷ шудааст аз маодин ба шакли боз боргирӣ ва ба анборҳо ва марокизи тавлид мунтақил шудааст.

Дар ин муддат 8 ҳазор тон ангишт ба Покистон ва Узбакистон содир шудааст.

Дар Тоҷикистон аз захираҳои бузурги ангишт дар майдонҳои "Фон-Яғноб", "Шуроб" дар вилояти Суғд, "Назарейлоқ" дар Водии рашт, "Зидарра" дар шимоли шаҳри Душанбе ва "Сайёд" дар дарраи "Ромит" шаҳристони Ваҳдат истифода мешавад.

Манобеи Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон мегуянд барои таъмини ниёзи корхонаҳо ва марокизи тавлидии ин кишвар аз ҷумла маркази гармоишии шумораи 2 шаҳри Душанбе бояд тавлиди ангишт дар ин ҷумҳурӣ имсол ба 2 миллион тон бирасад.

Дар соли 2018 барои бори нахуст дар Тоҷикистон як миллиону 900 ҳазор тон ангишт истихроҷ шуда буд.

Пеш аз истиқлоли Тоҷикистон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ин кишвар танҳо 309 ҳазор тон буд.