Август 26, 2019 09:35 Asia/Dushanbe
  • Баррасии сохти нерӯгоҳи Себзор бо намояндагони Бонки рушди Олмон

Мавзуъи мушорикати молӣ ва фаннии мутахасисони олмонӣ дар сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар дидори намояндагони Бонки рушди Олмон бо раиси ин вилоят дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуд.

Ба нақл аз сойти Спутник Ёдгор Файзов раиси вилояти Бадахшон дар ин дидор бо истиқбол аз мушорикати молӣ ва фаннии мутахасисони олмонӣ дар сохти неругоҳи Себзор ибрози умедворӣ кардааст,ки ин тарҳи муҳими барқи обӣ дар замони муқарар ба баҳрабардорӣ бирасад.

Дар ин дидор мавзуъи интиқоли теъдоде аз сокинони маҳаллӣ сохти ин неругоҳ ба маконҳои дигар, таъсири иҷроии ин тарҳ бар муҳити зисти минтақа, сохти садд ва захирасозии об баррасӣ шуд ва тарафҳо ба тавофуқ расиданд,ки сохти ин неругоҳ дар се моҳаи дуввуми соли 2020 оғоз шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон баҳрабардорӣ аз ин неругоҳ 35 миллион ва 800 ҳазор доллар ҳазина дорад,ки бахши умдаи ин манобеъи молиро Бонки рушди Олмон таъмин хоҳад кард.

Неругоҳи баркӣ обии Себзор метавонад бо тавлиди 60 миллион килловват соат барқ дар сол, ниёзи бархе аз минтақаҳои вилояти Бадахшонро ба барқ бароварда созад ва дар фаслҳои баҳор ва тобистон заминаи содироти барқ ба Афғонистон низ фароҳам мешавад.