Кумак хостани падари кудаки кушта шуда дар Русия аз ҳукумати Тоҷикистон
Абдуссалом Саидов падари Ҳувайдо Тиллозода, ки соли пеш ба тарзи фаҷие дар Русия ба қатл расид аз ҳукумати Тоҷикистон дархости кумак кард.
Ба нақл аз Азия-Плюз, Саидов гуфтааст вакили мудофеи Александр Сёмин қотилии духтари 5 солааш бар сари роҳи муҷозоти ин қотил монеатарошӣ мекунад ва ӯ дигар тавони молии пайгирии ин парвандаро надорад.
Дар ҳамин ҳол муҳоҷирини кории тоҷик, ки ба ин ҳамватани худ кумаки молӣ расондаанд гуфтаанд, ки ниҳодҳои вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон дар Русия ба дархостоҳо барои кумак ба Абдуссалом Саидов посухи мусбат надодаанд ва ӯ дар ин моҷаро танҳо мондааст.
Ҳувайдо Тиллозода соли гузашта дар шаҳри Серпухова дар ҳумаи Маскав пойтахти Русия ба тарзи фаҷие тавассути Александр Сёмин кушта шуд, ки ин ҳодиса ҷомеаи Тоҷикистонро ҷариҳадор кард. Аммо бо гузашти замони нисбатан тулонӣ ҳануз омили қатли ӯ муҷозот нашудааст.