Август 27, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Муҷозот нашудани муттаҳамони танишофаринӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон муътақид аст, ки далелии асосии бурузи ихтилофот дар марзи муштараки ин кишвар бо Қирғизистон муҷозот нашудани муттаҳамони танишофаринӣ дар ин минтақаҳо аст.

Ба нақл аз Азия-Плюз, Ҷурахон Маҷидзода намояндаи қонунгузории Тоҷикистон бо ишора ба танишҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, ки муҷозот нашудани ашхоси муттаҳам дар ин даргириҳо муҷиби идомаи ин вазъ мешавад.

Дар ҳоле, ки мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Қирғизистон саргарми музокира барои нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвар ҳастанд, бархе гуруҳҳо ва шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар бидуни муҷозот даст ба танишофаринӣ мезананд, ки ин нукта заъфи идораҳои амниятӣ ва интизомиро нишон медиҳад, зеро борҳо мақомоти сиёсӣ ва амниятӣ ва интизомии ду кишвар пас аз ҳар таниши марзӣ бар зарурати ҳалли ихтилофот аз роҳи гуфтугӯҳои сиёсӣ таъкид мекунанд. Аммо шаҳрвандони қирғизӣ, ки оғозгари ин даргириҳо ҳастанд бидуни муҷозот ҳастанд, бидуни муҷозот мемонанд ва даст ба иқдомоти тахрибкунандаи равобити Тоҷикистон ва Қирғизистон мезананд.

Ӯ гуфт, мисоли ин навъ бархурд моҷарои кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳои марзии рӯзҳои 13 ва 14 марти соли равон мебошад, ки бо вуҷуд ваъдаи муҷозоти омилони ин куштор аз тарафи қирғизӣ то ба ҳол дар ин замина иқдом нашудааст.

Бо вуҷуди музокираҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир танҳо бар сари таъини 520 километр аз хутути марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шудааст.