Август 27, 2019 14:18 Asia/Dushanbe
  • Аввалин сафари раиси Радиои Озодӣ ба Тоҷикистон

Пас аз буҳронҳои чанд моҳи ахири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки мунҷар ба барканории шумори зиёде аз масъулини он шуд мудири ин расона барои аввалин маротиба ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Ҷимӣ Флой мудири Радиои Озодӣ ба ҳамроҳи Венера Ҷоматоева мудири барномаи Осиёи Марказии Радиои Озодӣ ва низ Салим Аюбзод мудири бахши тоҷикии ин расонаи ғарбӣ қарор аст нахустин бор пас аз муноқишоти моҳҳои ахир ба Душанбе пойтахти Тоҷикистон сафар мекунанд.

Бар асоси барномаи ин сафар Ҷимӣ Флой ду рӯз 26 ва 27 август дар Душанбе хоҳад буд ва сипас аз масири Қазоқистон озими Бишкек пойтахти Қирғизистон мешавад.

Барномаи сафари мудири Радиои Озодӣ ба Қирғизистон хеле зуд эълом шуда ва мушаххас шуда, ки вай дар Бишкек бо Сооронбой Жеенбеков раиси ҷумҳури ин кишвар раис ва бархе намояндагони парлумони Қирғизистон ва ҳамчунин бо намояндагони ҷомеаи мадании қирғиз дидор хоҳад кард.

Аммо ҷудо аз барномаи сафари вай ба Қирғизистон барномаи мудири Радиои Озодӣ ба Тоҷикистон токунун эълом нашудааст.

Масъалаи визаи сафари ин ҳайати расонаӣ ба Тоҷикистон то охирин лаҳзаҳо бо мушкилоте ру ба ру шуда буд, ки ҳамчунон ба сурати комил ҳал нашудааст. Ҳамин тавр то кунун мушаххас нашудааст, ки дар Душанбе Флой дар чи сатҳе ва мушаххасан чи ашхосе аз давлати Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки дар 66 соли таърихи фаолияти  ин расонаи амрикоӣ, раиси он барои аввалин бор ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ҷойгоҳи раёсати мудири Радиои Озодӣ пас аз барканории мудирияти собиқаш Том Кент беш аз як сол холӣ буд то инки Ҷимӣ Флой дар моҳи июни соли 2019 бар ин мақом мансуб шуд ва расман аз 1 август фаолияти худро дар ин расонаи амрикоӣ оғоз намуд. Ин нукта низ ки ӯ нахустин сафараш дар ин мақомро ба Тоҷикистон меравад амре бисёр муҳим аст.