Ҳузури низомиёни Тоҷикистон дар размоиши низомии байналмиллалӣ дар Русия
(last modified Thu, 29 Aug 2019 04:48:27 GMT )
Август 29, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури низомиёни Тоҷикистон дар размоиши низомии байналмиллалӣ дар Русия

Низомиёни Тоҷикистон дар размоиши низомии байналмиллалии Русия ҳузур хоҳанд дошт.

Ба нақл аз хабаргузории Итартас, ин раазмоиш дар чорчуби барномаҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва бо унвони "Марказ-2019" дар рӯзҳои 16 то 22 сентябр баргузор хоҳад шуд.

Дар размоиши "Марказ-2019" низомиёни кишварҳои Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Ҳинд ва Покистон ширкат карда ва муштаракан амалиётҳои зиддитеррористиро машқ хоҳанд кард.

Дар размоиши "Марказ-2019" 128 ҳазор низомӣ ва сарбоз, 20 ҳазор адавот ва худравҳои ҷангӣ, 600 паҳпод ва 15 киштии низомӣ ва борӣ ба кор гирифта хоҳад шуд.