Август 30, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кайфияти омӯзиш дар мадрасаҳои ин кишвар

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз кайфияти поини омӯзиш дар мадрасаҳои давлатии кишвараш интиқод кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими ифтитоҳи мадрасаи шумораи 3 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гуфтааст,ки бовуҷуди тадбирҳои ҳукумат барои беҳбуди кайфияти омӯзиш ва парвариш дар мадрасаҳои давлатии ин кишвар авзоъ ҳамчунон ғайри қобили пазириш мебошад.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз ҳофизаи заифи донишомӯзон таъкид кардааст,ки дар бахши улуми таҷрибӣ кайфияти тадрис бисёр поин мебошад,ки бояд ин вазъ ислоҳ гардад.

Ба гуфтаи Раҳмон, омӯзгорони мадрасаҳо бояд роҳкорҳои нави тадриси улуми таҷрибиро иҷроӣ кунанд ва барои тақвияти ҳофизаи донишомӯзон барномаҳои вижа тадорук бинанд.

Аз дидгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни масулияти волидон дар тарбияти фарзандон танҳо дар ин кишвар тасвиб ва иҷроӣ шудааст.

Аммо теъдоде аз волидон ба далелҳои мухталиф ин қонунро нодида мегиранд,ки мӯҷиби муҷозоти онон мешавад.

 Чунон чи дар соли 2018 беш аз 10 ҳазор мавриди нақзи қонуни масулияти волидон дар тарбияти фарзандон дар Тоҷикистон сабт ва парвандаи ин афрод ба додгоҳҳо ирсол шудааст.

Вай аз масулони вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон дархост кардааст,ки барои беҳбуди кайфияти тадрис дар мадрасаҳои давлатии ин кишвар иқдом кунанд.

Дар Тоҷикистон соли таҳсилии нав дар мадрасаҳо ва донишгоҳои ин кишвар рӯзи якшанбе аввали сентиябри соли ҷорӣ оғоз мешавад.

Барчасп