Аҳамияти баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нерӯгоҳи Роғун барои Осиёи Марказӣ
(last modified Sat, 31 Aug 2019 04:20:13 GMT )
Август 31, 2019 09:20 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нерӯгоҳи Роғун барои Осиёи Марказӣ

Устоди донишгоҳи дӯстии мардумони Русия ва коршиноси умури энержӣ муътақид аст,ки баҳрабардорӣ аз турбинаи дуввуми нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти зиёде дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Владимир Титилмон гуфтаас,ки  баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми ин нерӯгоҳ ба маънии тақвияти фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ хоҳад буд,ки дигар кишварҳои минтақа низ аз барқи арзони нерӯгоҳи Роғун истифода хоҳад кард.

Вай таъкид кард; ки таи се соли ахир мо шоҳиди густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастем,ки Тоҷикистон метавонад барқи изофаи тавлиди нерӯгоҳҳои худро ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир кунад.

Аз ин пас содироти барқӣ ба унвони муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёби хоҳад шуд,ки муҷиби тақвияти  ҳамкориҳои бештари ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши энержӣ мешавад.

 Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст,ки турбини дуввуми нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар таърихи 9 сентиябри соли ҷорӣ солрӯзи истиқлоли ин кишвар баҳрабардорӣ мешавад.

Турбини нахусти ин нерӯгоҳ дар моҳи ноябри соли 2018 пас аз 40 сол аз оғози сохти ин нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ расида буд.

 Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловват соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ обии минтақа аст. Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мигавват барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ афзоиш  меёбад.

Коршиносон мегуян сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.