Сентябр 01, 2019 09:14 Asia/Dushanbe
  • Оғози навсозии таҷҳизоти корхонаи алминиюми Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2020

Сухангӯи ширкати алминиюми Тоҷикистон аз оғози навсозии таҷҳизоти ин корхона дар аввалҳои соли 2020 хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник,  Игор Сатторов гуфтааст, ки тарҳи навсозии таҷҳизотии корхонаи алминиюми Тоҷикистон бо ҳазинаи 545 миллион долларӣ аз сӯи ширкати чинии China Machinery Engineering Corporation аз аввалҳои соли 2020 иҷроӣ хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки бо ин маблағ навсозии хутути тавлиди алминиюм ва расондани зарфияти арзаи 300 ҳазор тон аз ин маҳсул дар соли барномарезӣ шудааст. Барои ин манзур 428 кураи зуб кардани маводи хоми алминиюм дар ин корхона насб хоҳад шуд.

Сухангӯи ширкати алминиюми Тоҷикистон аз тавлиди 51 ҳазор тон маҳсул дар ин корхона таи шаш моҳи нахусти соли равон хабар дод.

Дар соли 2018 дар ин корхона 96 ҳазор тон алминиюм тавлид шуда буд.

Корхонаи алминиюми Тоҷикистон дар соли 1983 бо зарфияти тавлиди 500 ҳазор тон маҳсул дар сол ба баҳрабардорӣ расида буд, ки таи се соли ахир ба далели куҳна ва фарсуда шудани таҷҳизот наздик ба 100 ҳазор тон маҳсул арза мекунад.