Сентябр 03, 2019 09:00 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди тарҳи сохти як ниругоҳи нави обӣ- барқӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сохти як ниругоҳи нави обӣ-барқиро пешниҳод карданд.

Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сохти ҳаштумин ниругоҳи нави обӣ-барқӣ бар рӯйи рӯдхонаи Вахш, ки дар фосилаи ҳудуди 12 километр поинтар аз маҳалли сохти ниругоҳи Роғун воқеъ хоҳад шудро ироа карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТоҷикТА, ниругоҳи Шӯроб бо тавоноии тавлиди 862 мегаватт барқ ҳаштумин ниругоҳ хоҳад буд, ки бар рӯйи рӯдхонаи Вахш сохта мешавад.

Бар асоси ин гузориш тарҳи сохти ниругоҳи барқӣ-обии Шӯроб, ки хароҷоти сохти он наздик ба 1 миллиард доллар ҳисоб шудааст, аз сӯи ширкати алюминиии Тоҷикистон ироа гардида,ки ҳадаф аз ин иқдом беҳбуди авзоъи молии ин ширкат унвон мешавад.

Ниругоҳи барқӣ-обии Шӯроб бо садди хокӣ бо баландии 83 метр ва 77 миллион метр мукааб мизони захираи об пушти ин сад, дар 110 километрии шарқи шаҳри Душанбе воқеъ хоҳад шуд, ки солиёна наздик ба 3 миллиарду 200 миллион киловатт соат барқ тавлид хоҳад кард.

 Тайи солҳои мухталиф бар руи рӯдхонаи кӯҳистонии Вахш дар Тоҷикистон ниругоҳҳои барқӣ-обии Норак, Сарбанд,Бойғозӣ, Шар-Шар, Марказӣ, Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 сохта шудааст. Ҳамчунин ниругоҳи барқӣ-обии Роғун акнун бар рӯй ин рӯдхона дар ҳоли сохт аст.

 

Барчасп