Сентябр 04, 2019 09:16 Asia/Dushanbe
  • Дастури вазири кишвари Русия барои таҳқиқи ҳодисаи зарбу шатми як тоҷик

Вазири кишвари Русия ба дархости ҳамтои тоҷикистонии худ мабнӣ бар таҳқиқи ҳодисаи зарбу шатми ваҳшиёнаи як тоҷикро аз сӯи гурӯҳе аз русҳои миллигаро посухи мусбат дод.

Ба нақл аз Вазорати кишвари Русия, сарҳанг Ирина Волк, сухангӯи вазоратхона бо таъкидb дарёфти дархости генерал Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон дар бораи таҳқиқи навори мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зарбу шатми як тоҷик аз сӯи гурӯҳи миллигароёни русро нишон медод, гуфтааст, ки дастури таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯи генерал Владимир Колоколтсев
, вазири кишвари Русия содир шуд.

Вай таъкид кардааст, ки гурӯҳи вижае аз мутахассисони Вазорати кишвари Русия акнун таҳқиқ дар бораи замон, макон, шароити иртикоби ин ҷиноят ва афроди ширкаткунанда дар зарбу шатми ин табааи Тоҷикистонро оғоз кардаанд.

Навори зарбу шатми ваҳшиёнаи як тоҷик аз сӯи гурӯҳе аз русҳои миллигаро чанд рӯзе аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мешавад ва вокуниши шадиди маҳофили коршиносӣ ва расонаии Тоҷикистон ва минтақаро дар пай доштааст.