Сентябр 04, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти алоқаи Тоҷикистон; омили аслии рушд наёфтани интернет дар ин кишвар

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ омили аслии рушд наёфтани интернет дар Тоҷикистонро хадамоти давлатии алоқаи ин кишвар медонанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ иқдомоти Хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон мӯҷиби ҷазб нашудани сармояи бахши хусусӣ, аз байн рафтани рақобати ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ ва коҳиши шадиди даромади ин ширкатҳо мешавад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки таи солҳои зиёде Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон монеи барқарории иртиботот бо Афғонистон ва муттасил шудан бо хатти интернетии Чин шудааст, ки метавонист заминаи коҳиши қимати хадамот ва афзоиши суръати интернетро фароҳам созад.

Дар соли 2016 Хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон ба эҷоди маркази воҳиди мухобирот иқдом кард, ки бар асоси он, тамоии ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет ва  телефони ҳамроҳ бояд танҳо аз ин тариқ фаъолият кунанд.

Ин иқдом мӯҷиби маҳдуд шудани ироаи хадамоти интернет ва телефони ҳамроҳ ва коҳиши қобили мулоҳизаи суръати интернет шуд.