Бонки Ҷаҳонӣ: Рушди иқтисоди Тоҷикистон фақрро коҳиш намедиҳад
Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ҳеҷ нақше дар коҳиши мизони бекорӣ ва фақр дар ин кишвар надорад.
Ба нақл аз хабаргузории Tajik Te, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише бо унвони "Мусоидат барои рушди Тоҷикистон" таъкид кардааст, ки дар се соли ахир рушди иқтисоди ин кишвар 20 дарсад афзоиш ёфтааст, вале фақр танҳо ду дарсад коҳиш нишон медиҳад.
Бо вуҷуди вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз Русия, дар ду соли ахир беш аз 60 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд, ки ин мавзӯъ мӯҷиби афзоиши теъдоди афроди бекор шудааст.
Бонки Ҷааҳонӣ дар соли 2018 муддаӣ шуда буд, ки 20 дарсад ё 2 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд.
Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ афроде, ки рӯзона 3 доллару 30 сент ( муодили 30 сомониву 97 дирам) барои зиндагии хеш ҳазина мекунанд, фақир маҳсуб мешаванд, аммо дар Тоҷикистон афроде, ки дар як моҳ 190 сомонӣ (муодили 19 дроллар) барои зиндагии худ ҳазина мекунанд, фақир ба ҳисоб меоянд.