Тақвияти равобити фарҳангӣ -меҳвари дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Покистон
(last modified Wed, 04 Sep 2019 14:46:49 GMT )
Сентябр 04, 2019 19:46 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити фарҳангӣ -меҳвари дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Покистон

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва сафири Покистон бо якдигар дидор ва масоили марбут ба густариш ва тақвияти иртибототи фарҳангӣ миёни 2 кишварро баррасӣ карданд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Имрон Ҳайдар, сафири Покистон дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Форс”, дар дидори вазири тоҷик ва сафири Покистон масоили марбут ба густариши иртибототи 2 кишвар дар заминаҳои илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва саноеи дастӣ баррасӣ шуд.

Сафири Покистон дар ин дидор аз барномаи кишвараш барои созмондеҳии иқдомоти мухталиф барои ошноии мардуми 2 кишвар бо ҳунару фарҳанги якдигар хабар дод. Вай ҳамчунин гуфт, баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳи осори ҳунарӣ, либоси миллӣ, пахши филмҳои синамоӣ дар каналҳои телевизионӣ, мутолеоти илмӣ дар заминаҳои шабоҳатҳои фарҳангӣ ва ҳунарии 2 кишвар, созмондеҳии конфронсҳо ва ҳамоишҳои муштарак миёни 2 кишвар барномарезӣ шудааст.

Орумбекзода низ ба фурсатҳои густурда миёни 2 кишвар барои тақвияти иртибототи фарҳангии дуҷониба ишора кард. Вай дар бахши дигаре аз суҳбаташ, пешниҳодоте барои тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои проектҳои илмӣ, нашру чоп, театр, интишори китобҳои муштарак ва ширкат дар барномаҳои байналмилалӣ ироа кард.