Бозсозии роҳи Душанбе - Бохтар бо кумаки бебозгашти Ҷопон
Вазири молияи Тоҷикистон ва намояндаи Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар шаҳри Душанбе созишномаи кумаки бебозгашт ё билоивази Токио барои бозсозии роҳи Душанбе – Бохтар, маркази вилояти Хатлонро имзо карданд.
Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, Файзиддин Қаҳҳорзода ива Ҳидаки Тоноби таъкид кардаанд, ки давлати Ҷопон барои ин тарҳ маблағи 31 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос хоҳад дод.
Ҳадаф аз иҷро кардани ин тарҳ, таъмини амнияти ҳамлу нақли ҷодаӣ дар ин масири муҳим дар ҷануби Тоҷикистон унвон мешавад, ки то марзи Афғонистон идома меёбад.
Дар чорчӯби ин тарҳ, бозсозии роҳи Душанбе ба Бохтар аз минтақаи Қизил-қалъа то маркази вилояти Хатлон барномарезӣ шудааст. Ҳамчунин тармими бақияи қисматҳои масири Бохтар то минтақаи Панҷи поён, ки нуқтаи сифри марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳисоб меояд, ба таври ҳамзамон анҷом хоҳад шуд.
Ҳамчунин Сафорати Ҷопон дар Душанбе эълом кард, ки бо кумаки молии 349 ҳазору 970 долларии билоивази ҳукумати ин кишвар, чаҳор тарҳ, шомили сохти се мактаби нав ва хариди мошинолоти кишоварзӣ дар навоҳии Турсунзода, Роғун, Нуробод ва Ховалинг ба поён расидааст.