Тавофуқи 80 миллиондолларии Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи исломӣ
Вазорати дороии Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи сармоягузорӣ миёни давлати ин кишвар ва Бонки тавсеаи исломӣ барои иҷрои 3 проект ба арзиши беш аз 80.6 миллион доллар хабар дод.
Ба гузориши “Форс”, давлати Тоҷикистон ва Бонки тавсеаи исломӣ тавофуқномаи сармоягузории 3 проект ба арзиши беш аз 80.6 миллион доллар имзо карданд. Дар тавофуқномаи мазкур тахсиси маблағ барои иҷрои 3 проект дар заминаи беҳбуди кайфияти хадамоти беҳдоштии модару кӯдак, беҳбуди мудирияти манобеи обӣ дар Хатлон ва имконсанҷии эҷоди коргоҳҳо барои фароварии меваву сабзиҷот дар Суғд ва шаҳрҳои Кӯлоб ва Ҳисор пешбинӣ шудааст. Ба ин тартиб, Бонки тавсеаи исломӣ барои беҳбуди кайфияти хадамоти беҳдоштӣ ба модару кӯдак дар 4 минтақаи Хатлони Тоҷикистон беш аз 26.8 миллион доллар ва беҳбуди мудирияти манобеи обӣ дар ин устон 53.5 миллион доллар вом ба ин кишвар медиҳад.
Ҳазинаи проекти имконсанҷии эҷоди коргоҳҳои пардозиши меваву сабзиҷот дар вилояти Суғд ва шаҳрҳои Кӯлобу Ҳисор 380 ҳазор доллар баровард шудааст.
Тавофуқнома дар заминаи сармоягузории ин 3 проектро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистон ва Ҳошим Маъруф, раиси минтақаии Бонки тавсеаи исломӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расонданд.