Сентябр 06, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
  • Раванди рӯ ба афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон идома дорад

Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар се соли оянда 714 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт.

Бар асоси барномаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар се соли оянда қарзи хориҷии ин кишвар ба 3 миллиарду 441 миллион доллар хоҳад расид, ки 714 миллион доллар бештар аз қарзи феълӣ аст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷикТА”, дар соли 2020 мизони вомҳои дарёфтии Тоҷикистон 4 миллиарду 500 миллион сомонӣ хоҳад буд, ки дар муқоиса бо имсол 274 миллион сомонӣ (муодили 29 миллион доллар) бештар аст.

Дар соли 2021 низ рақами вомҳои дарёфтии Ҳукумати Тоҷикистон ба 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва дар соли 2022 ба беш аз 6 миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки ба маънии афзоиши 714 миллиондолларии қарзи хориҷии ин кишвар хоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар фаротар хоҳад рафт.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон муътақиданд, бо вуҷуди қарзи хориҷии 48 дарсадии ин ҷумҳурӣ ба Чин, Пекин ҳамчунон бузургтарин сармоягузор дар иқтсоди ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Ба кумакҳои молии Чин дар Тоҷикистон чандин корхонаи тавлиди семент сохта шудааст ва дар истихроҷи маъдан низ саҳми Бонки воридот ва содироти ин кишвар арзишманд аст.

Ҳамчунин Чин барои бозсозии роҳи Бохтар ба Кӯлоб ва сохти муҷтамеи ҷадиди биноҳои ҳукумат ва маҷлиси Тоҷикистон манобеи молии бебозгашт аз дар ихтиёри Душанбе қарор додааст.

 

Барчасп