Тоҷикистон солҳои зиёде воридкунандаи коло боқи хоҳад монд
(last modified Sat, 07 Sep 2019 04:25:18 GMT )
Сентябр 07, 2019 09:25 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон солҳои зиёде воридкунандаи коло боқи хоҳад монд

Таи ду даҳаи ахир бо вуҷуди барномарезии ҳукумати Тоҷикистон барои афзоиши содирот ва коҳиши воридоти ин амр таҳақуқ наёфтааст ва ба гуфтаи иқтисоддонони ин кишвар солҳои тулонӣ ҳамчунон воридкунандаи коло аз хориҷ боқи хоҳад монд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, таи ҳафт моҳи нахусти соли ҷорӣ, аз ин ҷумҳурӣ 641 миллион доллар маҳсулот содир ва беш аз 1 миллиард ва 800 миллион доллар коло ворид шудааст.

Дар ин муддат ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷӣ ба 2 миллиард ва 400 миллион доллар расидааст,ки тарози манфии он ба нафъи содироти 1 миллиард ва 216 миллион долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад таи ҳафт моҳи соли ҷорӣ,Тоҷикистон бо 101 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷорӣ дошта,ки аз 55 кишвар маҳсулот ворид кардааст.

Бонки рушди Осиё дар соли 2015 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия карда буд барномаи тағийри таркиби ақломи маҳсулоти содиротии ин кишвар ба хориҷро таҳия ва иҷроӣ кунад.

Аммо бо гузашти чор сол аз тадвини ин барнома вазифаҳои мушахас шуда дар он амалӣ нашудааст.

Яке аз пешниҳоди Бонки рушди Осиё дар заминаи тағийри таркиби ақломи содиротии Тоҷикистон афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ буд,ки мебоист заминаи иштиғолзоӣ ва зиёд шудани даромади молии кишварро фароҳам мекард, аммо ин маврид низ иҷроӣ нашуд.

Баррасиҳо нишон медиҳад таи ду даҳаи гузашта таркиби ақломи содиротии Тоҷикистон тағийр накарда ва умдатан пахта, алюмини ва барқ буда,ки дар солҳои ахир симонт ва барқ низ ба маҳсулоти содиротии ин кишвар афзуда шудааст.