Интишори 30 шеъри мунташирнашудаи Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 07 Sep 2019 15:05:48 GMT )
Сентябр 07, 2019 20:05 Asia/Dushanbe
  • Интишори 30 шеъри мунташирнашудаи Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон

Муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеъри устод Садриддин Айнӣ, аз бузургтарин нависандагон ва адибони забони форсии тоҷикӣ дар оғози қарни бистумро бознашр карданд.

Ба гузориши “Форс”, муҳаққиқони тоҷик беш аз 30 шеър аз устод Садриддин Айнӣ, аз бузургтарин нависандагон ва адибони забони форсии тоҷикӣ дар оғози садаи бистумро бознашр карданд.

Абдулхолиқи Набавӣ, пажӯҳишгари осори Айнӣ дар ин хусус гуфт, ин ашъор замоне пайдо шуд, ки муҳаққиқон тасмим гирифтанд барои нашри куллиёти осори ин адиби бузург бойгонии вайро дубора баррасӣ кунанд. Вай афзуд, дар натиҷаи ин иқдом дар канори бознашри романҳои Айнӣ, ҳамзамон шеъру қасида ва дубайтиҳои ин адиби бузург пайдо шуданд, ки ҳатто дар ҷилди ҳаштуми куллиёти осори вай қаблан мунташир нашудаанд.

Набавӣ гуфт, то ба ҳол беш аз 30 шеъри устод пайдо шуда, ки ҳанӯз дар ҳеҷ ҷо мунташир нашудаанд ва бахши умдаи онҳо ба мавзӯоти мазҳабӣ ва сиёсӣ муртабит аст. Вай гуфт, устод Айнӣ, ки рӯҳият исломӣ доштанд, дар замони Шӯравӣ худсонсурӣ карда ва аз нашри бархе навиштаҳои худ худдорӣ мекунад. Набавӣ ба унвони мисол аз осори ошкоршудаи устод Айнӣ, дастхатҳои вайро ба намоиш гузошта ва изҳор дошт, Садриддин Айнӣ ба ҷуз хатти форсӣ ба ҳеҷ хатти дигаре наменавишт.

Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 –и мелодӣ дар рустои Соктаре, дар Бухоро, ки дар он замон таҳтулҳимояи Русия буд, ба дунё омад ва дар синни 76 дар шаҳри Душанбе фавт кардааст. Дар таърихи 8 сентябри соли 1997-и мелодӣ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Айнӣ аз бузургтарин нависандагон ва адибони забони форсии тоҷикӣ дар оғози қарни бистум ва нахустин раиси Академияи улуми ин кишвар ва яке аз нахустин сарояндагони шеъри нави форсӣ мебошад.