Хомфурӯшии 75 дарсад пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46557-Хомфурӯшии_75_дарсад_пахтаи_тавлидшуда_дар_Тоҷикистон
75 дарсад пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон хомфурӯшӣ мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 08, 2019 04:30 Asia/Dushanbe
  • Хомфурӯшии 75 дарсад пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон

75 дарсад пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон хомфурӯшӣ мешавад.

 Ба далели камбуди имконоти коркарди пахта дар Тоҷикистон беш аз75 дарсад пахтаи ин кишвар ба сурати хом ба хориҷ содир мешавад.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Авесто, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кардааст, ки тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба хориҷ аз ин кишвар ба маблағи 59 миллиону  800 ҳазор доллар пахта содир шудааст, ки нисбат ба муддати ҳаммонанди соли қабл ҳудуди 30 дарсад ва аз назари молӣ 38 миллиону 700 ҳазор доллар коҳиш доштааст.

 Иқтисоддонони тоҷик мегӯянд, ки хомфурӯшии пахтаи ин кишвар ба хориҷ муҷиб мешавад, ки мардуми Тоҷикистон маҳсулотеро, ки аз ҳамин пахта дар хориҷ тавлид ва дубора ба бозори дохилии ин ҷумҳурӣ бармегардад, се баробар гаронтар харидорӣ кунанд.

 Ҳарчанд, ки мақомоти ҳукуматӣ солиёни зиёде аст, ки баҳси зарурати коркарди пахта дар дохили ин кишвар ва тавлиди маҳсулотро матраҳ мекунанд, вале амалан ҳеҷ иқдоме дар ин бора анҷом намедеҳанд.

 Бо вуҷуди фароҳам будани заминаи тавлиди беш аз 100 навъ маҳсулот аз пахта, дар Тоҷикистон ба далели камбуди корхонаҳои бофандагӣ ва талоши ширкатҳо барои хомфурӯшии ин мавод суди чандоне ба даст намеояд, зеро асоси пахтаи Тоҷикистон ба Русия, Чин, Туркия , Қазоқистон ва дигар кишварҳо содир мешавад ва маҳсулоти бофандагии омодашуда аз ин кишварҳо аз пахтаи Тоҷикистон дубора ба бозори дохилии ин ҷумҳурӣ бармегардад, ки бо боҷи гумрукӣ ба қимати се баробар бештар аз арзиши аслии он ба фурӯш мерасад.