Сентябр 08, 2019 19:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ба мардуми кишвараш табрик гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме фарорасии бистуҳаштумин солгарди истиқлоли ин кишварро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём бо баршумурдани дастовардҳои Тоҷикистон таи бисту ҳашт соли истиқлоли кишвараш дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, илмиву фанноварӣ бар зарурати ҳалли мушкилоти мавҷуд дар ин кишвар таъкид кард.

Вай гуфтааст, ки Тоҷикистон бо 160 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор карда ва Созмони Милали Муттаҳид чор ибтикори ин кишварро пазируфта, ки мӯҷиби иртифои ҷойгоҳ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон аз талошҳои байналмилалӣ дар амри мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир ҳимоят мекунад ва дар ин раванд саҳми арзишманде дорад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат ва якпорчагии мардумро омили аслии ҳалли тамомии мушкилоти кишвараш унвон кард.

Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 аз Шӯравии вақт эъломи истиқлол кард.

Руасои Ҷумҳурии Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Италия, Туркия, Белорус, Туркманистон, Ҳинд, нахуствазирони Арманистон ва Маҷористон ва сарони дигар кишварҳо фаро расидани бистуҳаштумин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ин кишвар табрик гуфтанд. 

 

Барчасп