Ташкили парвандаи хушунати тоза алайҳи як сарбоз дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Парвандаи латукӯби як сарбоз дар артиши Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ба гузориши сайти Фарғона, ин парванда марбут ба латукӯби сарбози Нерӯҳои марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Қурбоналӣ Ҳакимов тавассути Абдулманнон Гулмуродов, сарбози дигари ҳамин нерӯҳо аст.
Ҳодисаи ёдшуда шаби 20 август дар яке аз подгонҳои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш, ҳаммарз бо кишвари Қирғизистон замоне рух дода, ки Ҳакимов қасди мамониат аз латукӯби як сарбози тозахидмат аз сӯи Гулмуродовро дошт.
Дар ин моҷаро Абдулманнон Гулмуродов бо филизе ба қисмати пешонӣ ва сари Қурбоналӣ Ҳакимов зарба зада ва ӯро маҷрӯҳ кардааст.
Баъд аз ин ҳодиса Ҳакимов ба бемористон мунтақил шуда ва акнун таҳти дармон қарор дорад.
Додгоҳи низомӣ дар ин робита парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст ва раванди баррасӣ идома дорад.
Хушунат дар артиш аз ҷумлаи мушкилоти доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дар ин замина даҳҳо нафар аз сарбозон, умдатан сарбозони тозахидмат кушта ва ё захмӣ шудаанд.