Таъкиди сафири Эрон дар Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба
Сентябр 12, 2019 18:16 Asia/Dushanbe
Сафири Эрон дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар дидор бо Неъматуллоҳ Ҳикматуллозода, вазири иқтисод ва тиҷорати ин кишвар дар шаҳри Душанбе, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои интиқоли дониш ва таҷрибаҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон эълом кард.
Вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон низ бо ишора ба ҳузури фаъолонаи тоҷирон ва фаъолони иқтисодии эронӣ дар Тоҷикистон дар даҳаҳои гузашта, бар густариш ва тақвияти ҳарчи бештари равобити иқтисодии дуҷониба таъкид кард.
Тоҷикистон ба унвони як кишвари форси забон ҳамвора иртибототи фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии васее бо Эрон доштааст.
Барчасп