26 сентябр - охирин мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4669-26_сентябр_охирин_мурофиаи_додгоҳии_Бузургмеҳр_Ёров
Охирин мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров, яке аз ду вакили мудофеи боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 24, 2016 09:52 Asia/Dushanbe
  • 26 сентябр -  охирин мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров

Охирин мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров, яке аз ду вакили мудофеи боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Ба гузориши хабаргузории "Тоҷнюс", қарор аст, пас аз баргузор гаштани охирин мурофиаи Бузургмеҳр Ёров додгоҳи ёдшуда ҳукми худро дар бораи маҳкумияти ин вакили мудофеъ эълом кунад. Ин дар ҳолест, ки Нуруддин Маҳкамов, вакили мудофеи дувуми боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ахиран, зимни хондани ҳукми додгоҳ нисбаташ тамоми иттиҳомоти матраҳшударо аз сӯйи намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон тӯҳмат хондааст. Қаблан Рустам Тақдирзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз додгоҳи шаҳри Душанбе барои Бузургмеҳр Ёров 25 сол ва барои Нуруддин Маҳкамов 23 соли зиндон ва мусодираи амволи ононро дархост карда буд. Ӯ ин ду вакили мудофеъро ба ифротгароӣ, барангехтани ихтилофоти миллию динӣ, тавҳин ба раисҷумҳур ва даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар унвон карда, муддаӣ шуда буд, ки иттиҳомоти онон ба исбот расидааст.

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри соли 2015, пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро таъсис дод, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт ва алайҳаш парванда боз шуд. Дар пайи боздошти Ёров Нуруддин Маҳкамов, ваколати ӯро ба уҳда гирифт, аммо ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд. Ин ду нафар то кунун ҳеҷ яке аз ин иттиҳомотро напазируфтаанд, балки далели боздошти худро сиёсӣ эълом кардаанд.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёров, Нуруддин Маҳкамов ва низ вакилони дифои зиндонии дигар Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Дилбар Додоҷоноваро озод кунанд. Ҳамчунин ин созмонҳо озодии Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва вакили мудофеи аъзои аршади Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ахиран, боздошт шуд, хостор шудаанд.

Гуфта мешавад, Фахриддин Зокиров, ахиран, бар асоси Қонуни афви умум, аз зиндон озод шудааст.