Сентябр 13, 2019 19:20 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти сафири Эрон бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири Эрон бо раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷқмҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии ин кишвар дидор ва дар хусуси тавсиаи муносиботи парлумонӣ, афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва низ масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз ИСНА, Убайдуллоев бо ишора ба иштирокоти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон ва дастовардҳо ва пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, бар зарурати афзоиши ҳамкориҳои ду кишвари дӯст ва бародари Эрон ва Тоҷиикистон дар заминаҳои мухталиф ва тавсиаи муносиботи парлумонӣ таъкид намуд.

Дар ин дидор сафири Эрон гуфт: Маҷолиси ду кишвар метавонанд нақши ҳимоятии муҳиме дар ҷиҳати тавсиаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар дошта бошанд.