Сентябр 14, 2019 09:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости масъулони ширкати “Фароз” барои поёни фаъолият дар Тоҷикистон

Ширкати “Фароз”-и Тоҷикистон дархости поёни фаъолияти худ дар Тоҷикистонро эълом кардааст.

Мудирияти ширкати мавсум ба “Фароз”, ки гуфта мешавад инҳисори воридоти сӯхт, тиҷорати гиёҳи доруии “шираи камол”, назорат бар озмоишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзишгоҳҳои ронандагии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, бо ирсоли номае ба Кумитаи андози шаҳри Душанбе, хостори лағви муҷаввизи фаъолияти худ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА, мақомоти ин ширкат далели ин иқдомро аз даст додани тавони рақобат дар бозори сӯхти Тоҷикистон унвон кардаанд.

Ҳарчанд, ки дар номаи ёдшуда танҳо мавзӯи лағви муҷаввизи ширкати “Фароз” дар бахши таъмини сӯхти Тоҷикистон матраҳ шудааст, вале мушаххас нест, ки ширкати ёдшуда тамоми фаъолиятҳои худро поён медиҳад ва ё ин ки дар бахшҳои маҳдуди дигар ба кори худ идома хоҳад дод.

Дар ин нома ба мавзӯи интиқоли мустақими сӯхт ба Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои тавлидкунандаи бензин ва сӯхти дизелӣ аз хориҷ ишора мешавад, ки дигар ниёзе ба фаъолияти марказҳои восита вуҷуд надорад. Аз ин рӯ мудирияти ширкати “Фароз” тасмим гирифтааст, ки бо фурӯши амволу таҷҳизоти хеш, дигар дар бахши интиқолу фурӯши сӯхт дар Тоҷикистон фаъолият накунад.

Ширкати “Фароз” дар соли 2008 таъсис шуда, дар дохили Тоҷикистон ва хориҷ аз ин кишвар дафтарҳои намояндагии зиёде дорад, ки дар бораи шаффофияти амалкарди он, эътои имтиёзоти гумрукӣ ва молиётӣ ба ин ширкат, аз сӯйи расонаҳои мустақили хабарӣ тардидҳое матраҳ мешавад.