Сентябр 16, 2019 09:12 Asia/Dushanbe
  • Танишҳои тоза дар минтақаи марзии муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон якдигарро ба иллати бурузи танишҳои тоза дар минтақаи марзӣ муттаҳам карданд.

Ба гузориши хабаргузории “АКИ Пресс”, сокинони минтақаи Оқсой аз тавобеи ноҳияи Ботканди Қирғизистон бо таҷаммуъ дар минтақаи марзии муштарак бо ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, ба иқдоми тарафи Тоҷикистон дар сохти роҳи ҷадид эътироз кардаанд.

Ба таври ҳамзамон марзбонони Қирғизистон монеи сохти бурҷҳои дидбонии ҷадиди марзбонони тоҷик дар марзи муштарак миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯш шуданд.

Тарафи Қирғизистон муддаӣ аст, ки ин иқдоми Тоҷикистон дар манотиқи марзии ҳанӯз аломатгузоринашудаи мавриди ихтилофи ду кишвар ғайриқонунӣ аст,аммо мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки давлати Қирғизистон бо ин монеътарошиҳо талош мекунад, ки дар кори комиссияи байнидавлатии ду кишвар барои аломатгузории марзи муштарак ихлол эҷод кунад.

Бо вуҷуди музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои аломатгузории марзи муштараки 720 километрии ду кишвар дар 25 соли ахир, танҳо бар сари таъйини 520 километр аз хутути марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя тавофуқ шудааст.