Сентябр 16, 2019 10:35 Asia/Dushanbe
  • Содироти оби маъдании Тоҷикистон ба Иморот

Пешбинӣ мешавад, Тоҷикистон дар оянда оби маъданӣ ва маҳсулоти кишоварзии органикӣ ба Иморот содир кунад.

Ба гузориши “Форс”, ин масъала дар ҷараёни дидори Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва Муҳаммад АлМисбоҳ АнНаъими, раиси Утоқи саноеъ ва бозаргонии Раъсулхаймаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ин дидор тарафайн масоили марбут ба барқарории ҳамкорӣ миёни утоқҳои бозгаронии Тоҷикистон ва Раъсулхаймаи Иморот, таомулоти тиҷориву иқтисодӣ миёни бахшҳои хусусии ду кишварро баррасӣ карданд.

Дурнамои равобити иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкории тоҷирон, эҷоди ширкатҳои муштарак, ҷалби сармоягузорони бахши хусусӣ ва фанновариҳои пешрафта ба арсаҳои авлавиятдори иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки дар ҷараёни мулоқоти ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҷумъахонзода бо баёни ин ки бидуни тардид ин амр боиси оғози ҳамкории муштараки тиҷории судманд хоҳад буд, гуфт, дар мавриди аҳамияти наздик шудани Тоҷикистон бо ҷаҳони араб, раванди дар ҳоли густариши барқарории тамосҳои мустақим миёни маҳофили тиҷорӣ хабар медиҳад.

Вай бо ишора ба заминаҳои воқеии ҳамкорӣ ба таври вижа бар тавонмандиҳои болои эҷоди ширкатҳои муштарак дар чунин бахшҳои авлавиятдоре монанди тавсеаи захоири маъданӣ, энержӣ, газу нафт, маводи ғизоӣ, санъати нур, пардозиш, ҳамлу нақл, сохтмон, дорусозӣ, ҳамкории санъатӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, гардишгарӣ ва ҳамчунин ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард.

 

 

Барчасп